
ш. Душанбе 04.02.2020. Тибқи нақшаи кори Шӯрои Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» семинар- машварати омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ барои роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардид. Дар кори семинар директорони МЭКН-ҳои ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии ш. Душанбе иштирок доштанд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Раиси Шӯрои Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи И.Сомонӣ Раҳимӣ К.М. баромад намуда, ҳозиринро бо нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмон ошно намуд.
Сипас, дар мавзӯи «Нақшаи тартиби қабули хонандагон ба сафи зинаҳои Созмон дар муассисаҳи таълимӣ» котиби Шӯрои Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи И. Сомонӣ Одинаев А.М. баромад намуд.
Муовини директори Муассиса Ҷӯраев Р.А. дар баромади хеш доир ба Фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати морифи шаҳри Душанбе оид ба 20-солагии таъсисёбии Созмони хонандагон баромад карда, атрофи таҷлили солгарди таъсисёбии ташкилоти худидораи хонандагон суҳбат намуд.
Leave us a Reply