Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоли Сомонӣ шуруъ аз соли 2000-ум дар пойтахт ба хотири пешбурди кори тарбиявӣ ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба кори худидора, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд. Мақсадҳои оинномавии Созмони мазкур тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, парвариши инсони комил, ҷалби хонандагон ба кори худидора, ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои кӯдакон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии дорои хусусияти ватандӯстона барои насли наврас мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки ташкилоти мазкур бо қарори мушовараи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №215 аз 26 феврали соли 1999 дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ташкили кор, идора ва назорати фаъолияти рӯзмарраи он ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ин вазифаро Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” иҷро намуда, Шӯрои шаҳрии Созмони талабагони пойтахт низ дар зиммаи он фаъолият менамояд. Фаъолияти созмон асосан дар муасисаҳои таълимӣ ба воситаи “Ахтарон” (хонандагони синфҳои 1-4), “Ворисони Сомониён” (хонандагони синфҳои 5-9), ва “Сомониён” (хонандагони синфҳои 10-11) амалӣ гардида, то ҳол шумораи умумии аъзои он дар пойтахт зиёда аз 120000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар тӯли фаъолити понздаҳсола Созмони талабагон дар шаҳри Душанбе тавонист, ки ба ташкилоти ягонаи муттаҳидкунандаи кӯдакону наврасон табдил ёбад. Дар ин давра тамоми рукнҳои мустақилияти он муқаррар ва қабул гардиданд. Ҳоло Созмон дорои рамз, байрақ, суруд, галстук, ва нишони сарисинагии аъзогӣ буда, иттиҳодияти муваффақ ва барӯманди мактаббачагони пойтахт гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти созмони мазкур чанд соли охир ба низом даромада, кори он зери назорати ҷиддии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази наврасон ва кудакони шаҳри Душанбе”, қарор дорад.

Мутобиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1999, № 215 «Низомномаи созмонҳои талабагони муассисаҳои таълимии (мактабҳои) маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд. Оинномаи созмон тасдиқ карда шудааст. Рӯзи таъсисёбии созмон 26 феврали соли 2000-ум мебошад. Он рӯз Конфиренсияи якуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати роҳбарикунанда интихоб гардида, вазифа ва самтҳои фаъолият муайян карда шуданд.

Вазифаҳои асосии созмон: ташаккули маданияти муносибатҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар мактаб ва ҷомеа, тайёр намудани кӯдакону наврасон ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ташкили шароити мусоид барои ба ҳаёт омада намудани кӯдакону наврасон, инкишофи малакаҳои фардӣ ва аломатҳои қобилияти кӯдакон, ҳал намудани масъалаҳои ташкили фароғати ќӯдакон, ғамхорӣ барои сиҳатии маънавии шахси инкишофёбанда, рушди ҳамаҷонибаи ӯ, шиносоӣ бо арзишҳои умумибашарб ва корҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта.