Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» (минбаъд «Муассиса») муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти иловагии кӯдакону наврасон мебошад.
Муассиса аз соли 1936 ҳамчун «Хонаи пионерон» ба фаъолият оғоз намуда, аз соли 1939 бо якҷоя гардидан бо «Хонаи тарбияи бадеии кӯдакон» ба «Хонаи пионерон ва мактаббачагони шаҳри Сталинобод» табдил дода шудааст.
Тибқи қарори Комиҷроияи шаҳри Сталинобод аз моҳи декабри соли 1936 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин» барои аз оғози соли 1937 шуруъ намудани корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои 2 ошёнаи «Қасри пионерон», дар қисмати чапи кӯчаи Коммунистическаяи шаҳри Сталинобод қитъаи замин ҷудо карда шуда, сохтмони он соли 1971 ба анҷом мерасад. 11 январи соли 1971 «Хонаи пионерон ва мактаббачагон» ба бинои нав, воқеъ дар кӯчаи Коммунистическая, 54 (ҳоло Шоҳтемур, 54) кӯчида, номи Қасри пионерон ва мактаббачагони Тоҷикистонро мегирад.
Соли 1991 баъд аз расман эълон гардидани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди коллективи педагогии Қасри пионерон ва мактаббачагони Тоҷикистон тибқи фармони Вазорати маорифи Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1991, №81-о Қасри пионерон ва мактаббачагони Тоҷикистон ба Маркази кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1996, №194 «Дар бораи такмили сохтори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази кӯдакон ва наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, барои ташкили корҳои беруназмактабӣ ба мувозинаи Ҳукумати шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 январи соли 1998, №03 «Дар бораи такмили сохтори системаи маорифи шаҳри Душанбе» Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе барои ташкили корҳои беруназмактабӣ ба ихтиёри идораи маорифи Ҳукумати шаҳри Душанбе дода шуд.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2004, №425 «Дар бораи ободонӣ ва истифодаи мақсадноки «Боғи кӯдакон», воқеъ дар кӯчаи Шотемур» Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба мувозинаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Тибқи фармони раёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 5 январи соли 2009, №2/12 Оинномаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар таҳрири нав тасдиқ карда шуда, аз 20 январи соли 2009 ба он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мустақилияти пурраи моддиву молиявӣ дода шуд (Фармони раёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 20.01.2009, №5/2).
Муассиса 11 августи соли 2009 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, дар ин бора дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» сабт гардида, ба он рақами ягонаи мушаххаси 0210000689 дода шуд.
6 майи соли 2010 аз тарафи мақомоти давлатии заминсозӣ ба Муассиса сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (дараҷаи А№0238519) ба истифодаи бе муҳлат ба андозаи 2,90 гектар бо инобати истифода барои бинои таълимӣ ва боғи кӯдакон ҷудо гардида, дар ин бора дар мақомоти мазкур таҳти №6150 ба қайд гирифта шуд. Аммо соли 2020 дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Боғи кӯдакон аз мувозинати Муссиса ба мувозинати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд.