Skip to content
- Фаъолияти ташкилию сохторӣ ва идоракунии Муассиса
- Муассиса мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе таъсис ва барҳам дода мешавад.
- Шакли ташкилию ҳуқуқӣ (мақом)-и муассисаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун муассис муқаррар ва тағйир медиҳад.
- Сохтори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» тибқи ҷадвали воҳидҳои кории он аз шуъбаҳо ва раёсатҳои зерин иборат мебошад:
– маъмурият;
– шуъбаи кор бо кадрҳо ва коргузорӣ;
– муҳосибот;
– раёсати таъминоти методӣ;
– раёсати таҳсилот ва кор бо таълимгирандагон;
– раёсати корҳои фарҳангӣ-оммавӣ;
– шуъбаи иттилоот ва нашриёт;
– ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»
– бахши маъмурӣ-хоҷагӣ.
- Тартиби фаъолият, вазифаҳои хизматӣ ва Низомномаи фаъолияти раёсатҳо ва шуъбаҳои Муассиса дар Шурои омӯзгорӣ қабул ва аз ҷониби директор тасдиқ карда мешаванд.
- Идоракунии Муассиса мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», дар асоси принсипи яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ амалӣ карда мешаванд.
- Роҳбарии умумии Муассисаро мақоми машваратии он – Шурои омӯзгории Муассиса амалӣ менамояд. Тартиби фаъолияти Шуроро Низомномаи он муайян мекунад. Раиси Шурои омӯзгорӣ директори Муассиса мебошад.
- Шурои омӯзгорӣ ҷаласаҳои худро дар ду моҳ як маротиба ва ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатӣ ва сайёр мегузаронад. Қарори Шурои омӯзгорӣ ҳамон вақт салоҳият пайдо мекунад, ки агар дар ҷаласа аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта, ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои иштирокдошта овоз диҳанд. Қарори Шурои омӯзгорӣ бо фармоиши директор ба расмиёт дароварда мешавад.
1.8. Роҳбарии бевоситаи ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти ҳамарӯзаи Муассисаро директор амалӣ менамояд.
1.9. Директор аз тарафи муассис мувофиқи тартиби муқарраршуда ба кор таъйин ва аз кор озод карда мешавад. Директори Муассиса аз ҳисоби кормандони ботаҷриба таъйин карда мешавад, ки қобилияти хуби ташкилотчигӣ дошта, дорои таҳсилоти олии касбӣ бошад. Директор дар якҷоягӣ бо Шурои омӯзгорӣ барои рушду такмили фаъолияти Муассиса масъалаҳои зерини раванди таълиму тарбияро ҳал менамояд:
– муассисаро бо омӯзгорону дигар мутахассисон таъмин намуда, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳоро назорат мекунад, барои беҳтар намудани шароити моддии таълимгирандагон ва кормандон тадбирҳо андешида, кормандонро ба мукофотҳо пешниҳод менамояд;
– ҷараёни таълимро ба нақша гирифта, назорат мебарад, рафти иҷрои барномаҳои таълимӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавиро таъмин менамояд;
– манфиатҳои муассисаро намояндагӣ мекунад, масъалаҳои кадриро ҳаллу фасл менамояд, қарордодҳои меҳнатӣ ба имзо мерасонад, фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандону таълимгирандагон ҳатмӣ мебошад;
– харҷу дахли мақсаднок ва сарфакорона истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаро таъмин менамояд;
– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кормандонро ба кор таъйин ва аз кор озод менамояд;
– мувофиқи Оинномаи Муассиса дастурамали вазифавии кормандон ва уҳдадориҳои вазифавии хизматии онҳоро муайян менамояд.
– барои ташкил ва сифати раванди таҳсилоти иловагӣ, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҷисмонии таълимгирандагон дар ҷараёни таълим, риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии онҳо масъул мебошад.
- Дар Муассиса бо мақсади таъминоти методӣ ва такмили раванди таълиму тарбия Шурои методӣ таъсис дода шудааст. Тартибу банақшагирии кори Шурои методиро Низомномаи он муайян менамояд.
2.Ташкили ҷараёни таълим
- Таълим дар Муассиса дар шакли машғулиятҳои таҳсилоти иловагӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тақвимӣ ба роҳ монда мешавад. Ба машғулиятҳои Муассиса кӯдакону наврасони синни 6 то 18 сола – хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд.
- Машғулиятҳо дар Муассиса дар асоси барномаи таълимиву тарбиявӣ, нақшаҳо ва воситаҳои таълимиву тарбиявӣ бо истифодаи шакл ва усулҳои муосири таълим аз ҷониби омӯзгорони таҳсилоти иловагӣ (роҳбарони маҳфилҳо), методистон, омӯзгор-ташкилотчиён ва дигар мутахассисон ташкил ва гузаронида мешаванд.
- Барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тақвимӣ аз ҷониби омӯзгорони таҳсилоти иловагӣ (роҳбарони маҳфилҳо) таҳия гардида, баъди омӯзиш дар раёсати таъминоти методӣ бо тавсияи Шурои методӣ бо қарори Шурои омӯзгорӣ қабул ва аз ҷониби директор тасдиқ карда мешаванд.
2.4. Шумора ва давомнокии машғулиятҳо дар маҳфилҳо тибқи ҷадвали машғулиятҳо дар асоси нишондоди барномаҳои таълимӣ ва накшаҳои тақвимӣ муайян ва аз ҷониби директор тасдиқ карда мешавад.
2.5. Ҷадвали машғулиятҳо мувофиқи имкониятҳои фардӣ, шавқу рағбат, майлу хоҳиш, қобилият ва дараҷаи маҳорати таълимгирандагон, синну сол, хусусиятҳои руҳию ҷисмонӣ ва вазъи саломатии онҳо бо пешниҳоди кормандони омӯзгорӣ аз ҷониби раёсати таҳсилот ва кор бо таълимгирандагон таҳия карда мешавад. Машғулиятҳо дар шакли гурӯҳӣ, инфиродӣ ё бо тамоми ҳайати иттиҳодия гузаронида мешаванд. Давомнокии машғулиятҳо дар маҳфилҳо (ба истиснои маҳфилҳои яккахонию мусиқӣ) 2-3 соати академӣ бо танаффуси 5-10 дақиқагӣ баъди ҳар 45 дақиқа муқаррар карда мешавад.
Гурӯҳҳо вобаста ба шумораи таълимгирандагони маҳфилҳо ба таври зерин ташкил карда мешаванд:
– аз 10 то 12 нафар дар маҳфилҳои равияи техникӣ дар соли якуми таҳсил;
– аз 8 то 10 нафар дар маҳфилҳои равияи техникӣ ва амалӣ дар соли дуюм ва солҳои минбаъдаи таҳсил;
– аз 10 то 12 нафар дар маҳфилҳои амалию эҷодӣ дар соли аввали таҳсил;
– аз 8 то 10 нафар дар маҳфилҳои амалию эҷодӣ дар соли дуюм ва солҳои минбаъдаи таҳсил;
– аз 10 то 12 нафар дар маҳфилҳои равияи сайёҳию кишваршиносӣ дар соли якуми таҳсил;
– аз 8 то 10 нафар дар маҳфилҳои равияи сайёҳию кишваршиносӣ дар соли дуюм ва солҳои минбаъдаи
таҳсил;
– аз 10 то 12 нафар дар маҳфилҳои равияи табиатшиносӣ дар соли якуми таҳсил;
– аз 8 то 10 нафар дар маҳфилҳои равияи табиатшиносӣ дар соли дуюм ва солҳои минбаъдаи таҳсил;
– аз 10 то 12 нафар дар маҳфилҳои равияи варзишӣ дар соли якуми таҳсил;
– аз 8 то 10 нафар дар маҳфилҳои равияи варзишӣ дар соли дуюм ва солҳои минбаъдаи таҳсил;
– на камтар аз 10 нафар дар тамоми солҳои омӯзишии маҳфилҳои оркестрӣ, асбобҳои зарбӣ ва миллӣ,
хонишҳои бадеӣ, маҳфилҳои балет ва драммавӣ;
– 1 нафар дар 1 соати академӣ дар маҳфилҳои яккахонӣ ва мусиқӣ, 3 нафар дар 1 соати академии маҳфилҳои асбобҳои халқӣ ва на камтар аз 8 нафар дар машғулиятҳои ҷудогонаю гурӯҳӣ.
2.6. Қабули таълимгирандагон ба маҳфилҳо барои хонандагон дар асоси аризаи падару модар (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми қабули таълимгирандагон ба маҳфилҳои равияи варзишӣ, варзишию техники, сайёҳӣ ва санъати хореографӣ пешниҳоди хулосаи тиббӣ ҳатмӣ мебошад.
2.7. Ҳангоми қабули кӯдакон маъмурияти Муассиса вазифадор аст, ки таълимгирандагон ва падару модари онҳо (ё шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро бо Оинномаи Муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ташкили ҷараёни таълиму тарбияро муқаррар менамоянд, шинос кунад.
2.8. Дар кори маҳфилҳо дар ҳолати мавҷуд будани шароит ва ризоияти роҳбари маҳфил падару модар (бе дохил кардан ба ҳайати асосӣ) иштирок карда метавонанд.
2.9. Дар сурати мавҷуд набудани нақша ва барномаҳои намунавии таълимии давлатӣ, кормандони омӯзгорӣ метавонанд аз барномаҳои муаллифӣ истифода намоянд. Барномаҳои муаллифӣ дар Шурои омӯзгорӣ ё методии Муассиса баррасӣ гардида, аз ҷониби директор тасдиқ карда мешаванд.
2.10. Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ аз 15 сентябр то 1 июн идома меёбад. Дар вақти таътил муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд дар заминаи худ ҷойи истиқоматӣ ташкил намуда, барои таълимгирандагон машғулиятҳо, истироҳатҳои беруназшаҳрӣ, машғулият дар майдончаҳои солимгардонӣ ё маҳфилҳои гуногун баргузор карда, ҳамчунин истироҳатгоҳ ё базаҳои сайёҳӣ кушоянд.
2.11. Муҳлат, мазмуни таълим ва синну соли таълимгирандагон, шакли ташкилӣ ва намудҳои фаъолияти таълимӣ, назорати азхудкунии дониш, малака, маҳорат ва аттестатсияи ҷамъбастӣ аз тарафи Муассиса бо дар назар доштани нақша, барномаҳои таълимӣ ва намуди иттиҳодия муқаррар карда мешавад.
2.12. Барои таълимгирандагоне, ки ғолиб ё дорандаи мукофоти мусобиқаҳо, озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошанд ё ҳамчун номзад ба ҳайати дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ҳадди синну соли таълим метавонад то 21 сола зиёд карда шавад.
2.13. Муассиса метавонад дар дигар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо бо ризоияти онҳо, инчунин дар ҷойи истиқомати таълимгирандагон маҳфилҳо ташкил намояд.
2.14. Ба таълимгирандагоне, ки аттестатсияро супоридаанд ё аз санҷишҳои тахассусӣ гузаштаанд, шаҳодатномаи (сертификати) ихтисос аз рӯи касб дода мешавад. Ба хатмкунандагони боистеъдоди маҳфилҳо, ки аз се то панҷ сол дар машғулиятҳо бомуваффақият таълим гирифтаанд, бо қарори Шурои омӯзгорӣ тавсиянома барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ дода мешавад.
2.15. Муассиса дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тибқи қонунгузорӣ лабораторияҳои таҷрибавӣ, санҷишӣ, илмиву тадқиқотӣ, парки технологӣ ва иттиҳодияҳои илмии таълимгирандагонро ташкил намуда, шаклҳои муосири корро амалӣ менамояд, ташаббусу фаъолияти навоварона ва аҳамияти иҷтимоидоштаро дастгирӣ мекунад.
- Муовинони директор
3.1. Муовини директор оид ба инноватсия ва корҳои методӣ:
– роҳбарии умумии фаолияти илмиву методӣ ва инноватсионии Муассисаро амалӣ менамояд;
– Раиси Шурои методии Муассиса мебошад;
– фаолияти раёсат ва шуъбаҳои таъминоти методӣ, иттилоот ва нашриёт, таълим, равоншинос, кадр ва корҳои фарҳангӣ-оммавиро ҳамоҳанг ва назорат бурда, ташкили кори онҳоро назорат менамояд;
– масъули ҷорӣ намудани механизмҳои наву инноватсионӣ дар фаолияти рӯзмаррам Муассиса буда, ба татбиқи технологияҳои информатсионӣ дар кори он ҷавобгар мебошад;
– фаолияти Шурои методиро ба нақша гирифта, масъалаҳои омӯзиш, тарғиб ва дар амал ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар самти таҳсилоти иловагиро роҳандозӣ мекунад;
– масъули таҳияи барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ мебошад;
– фаолияти Муассисаро дар самти ташкили кори Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ дар Муассиса, Марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе назорат бурда, роҳбарӣ менамояд;
– ташкилу баргузории конференсияҳо ва семинару машваратҳои дастурдиҳиро дар самти корҳои тарбиявӣ ва таҳсилоти иловагӣ ба нақша мегирад;
– ҳамоҳангсози фаъолияти Муассиса бо дигар ташкилоту идораҳо, ВАО, муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ мебошад;
– роҳбарии умумии рӯзномаи “Салом, оянда!”, сомонаи интернетии Муассиса ва фаъолияти дигари нашриёти онро амалӣ менамояд;
– фаъолияти Муассисаро дар самти ташкили озмуну чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангиву фароғатии сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ корбарӣ ва назорат менамояд;
– дар ҳолатҳои дар кор ҳозир надоштан ва ё дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштани директор бо розигии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ваколатҳои ӯро иҷро мекунад;
– дар мувофиқа бо директори Муассиса бо фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба кор таъин ва озод карда мешавад.
3.2. Муовини директор оид ба таълим ва тарбия:
- роҳбарии умумии фаъолияти таълимӣ ва корҳои тарбиявӣи Муассисаро амалӣ менамояд;
- нақшаи дурнамо ва фаъолияти Муассисаро оид ба таҳсилоти иловагӣ таҳия менамояд;
- ба фаъолияти раёсати таҳсилот ва кор бо таълимгирандагон ва омӯзгорони таҳсилоти иловагӣ (роҳбарони маҳфилҳо) роҳбарӣ менамояд;
- фаъолияти иттиҳодияҳои методии роҳбарони маҳфилҳоро ташкил ва ба нақша мегирад;
- нақшаҳои тақвимӣ, дафтарҳои қайди машғулиятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои омӯзгоронро зери назорат қарор медиҳад;
- вобаста ба ташкили фаъолияти таълимӣ ва самаранокии он семинарҳо, дарсҳои кушод, соатҳои тарбиявӣ, ҳафтаҳои маҳфилҳо ва чорабиниҳои дигари ба он вобастаро ба нақша гирифта, доир менамояд;
- таҷрибаи пешқадами роҳбарони маҳфилҳоро барои тарғиб ва паҳннамоӣ пешниҳод мекунад;
- масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони омӯзгориро таҳлил, пешниҳод ва ба нақша мегирад;
- масъули тақсимоти сарбории омӯзгорон ва таҳияи ҷадвали машғулиятҳо мебошад;
- ҷалби таълимгирандагонро ба маҳфилҳо ташкил мекунад, масъули ташкили иттиҳодияҳои таълимӣ, маҳфилҳо ва клубҳои таълимӣ мебошад;
- масъули назорати рӯзмарраи ҷараёни таълим, фаъолнокии таълимгирандагон ва давомоти онҳо мебошад;
- масъали таҳлили ихтисосмандии омӯзгоронро баррасӣ ва ба дараҷаи тахассусӣ пешниҳод намудани онҳоро ба нақша мегирад;
- вобаста ба фаъолияти таълимии Муассиса гузоришҳои омориро таҳия менамояд;
- вобаста ба аттестатсияи таълимгирандагони хатмкунанда ва ба онҳо супоридани ҳуҷҷатҳои хатми курсҳои таҳсилоти иловагӣ чораандешӣ мекунад;
- чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифативу фароғатиро бо иштироки таълимгирандагон ва роҳбарони маҳфилҳо ба нақша гирифта, амалӣ менамояд.
Дар мувофиқа бо директори Муассиса бо фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба кор таъин ва озод карда мешавад.
3.3. Муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ-хоҷагӣ:
- роҳбарии умумии фаъолияти маъмурию хоҷагидории Муассиса, бахшҳо ва кормандони хоҷагиву техникии онро амалӣ менамояд;
- фаъолияти хоҷагидории Муассисаро дар асоси қоида ва маъёрҳои санитариву гигиенӣ ташкил ва таъмин намуда, масъули анҷом додани корҳои профилактикиву дезинфикатсионӣ мебошад;
- масъули пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар Муассиса буда, бинову иншооти онро бо назардошти қоидаҳои зиддисӯхторӣ бо лавозимоти зарурӣ таъмин ва ҳолати коршоямии онҳоро нзорат мебарад;
- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тирамоҳу зимистонгузаронии Муассисаро назорат бурда, онҳоро нақшабандӣ ва барои таъминоти мунтазами фаъолият пешниҳодҳо манзур менамояд ва иҷроиши онҳоро таъмин месозад;
- ҳолати гармидиҳии Муассисаро дар давраҳои тирамоҳу зимистон назорат бурда, фаъолияти мунтазам системаи онро таъмин менамояд;
- масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва фаъолияти ба онҳо вобастаро ба нақша гирифта, иҷроиши онҳоро таъмин менамояд;
- масъули асосии нигоҳдошти молу амволи Муассиса буда, гардиши умумии онҳоро новобаста аз арзишашон ба уҳда дорад;
- масуъли қабул ва тақсимоти молу амвол, таҷҳизот, молҳои хоҷагидорӣ ва коргузории Муассиса (бо мақсади истифодаи корӣ) буда, вобаста ба истифодабарии онҳо ҳуҷҷатгузории дахлдорро тартиб медиҳад;
- корҳои сохтмонӣ, таъмири капиталӣ ва ҷории бинову иншоот, қубурҳои обу корез, хати барқ ва гармидиҳиро ба нақша мегирад, дар таҳияи харҷномаи онҳо иштирок менамояд;
- кори мунтазами барқу гармидиҳӣ, партовкашонӣ, обу корез ва дигар хизматрасониҳои коммуналиро таъмин намуда, вобаста ба он дар имзои шартномаҳои хизматрасонӣ ва таҳияи санадҳои иҷроиши корҳо иштирок менамояд;
- корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба риояи қоидаҳои техникаи бехатариро амалӣ менамояд;
Дар мувофиқа бо директори Муассиса бо фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба кор таъин ва озод карда мешавад.