ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди директори Муассиса баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинон, кормандон ва омӯзгорони МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ҳамзамон, директорони марказҳои кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ширкат варзиданд.

Раванди кори ҷаласа бо баррасии масъалаҳои кадрӣ, ба танзим даровардани фаъолият ва ҷалби хонандагони болаёқат ба марказҳои кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт, омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои дарпешистода, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи “Мавлонохонӣ”, баргузорӣ ва иштирок дар даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин забондон», «Тирамоҳи заррин», расму иншои беҳтарин дар мавзуъҳои экологӣ ва Тоҷикистон сарзамини сарсабзи ман, инчунин, таҷлили бошукӯҳи Рӯзи омӯзгор, иҷроиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷрои банди 7 нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 марти соли 2025, таҳти №149 ҷиҳати таъмини тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо аёниятҳо ва лавозимоти муайянкунандаи фаъолияти Созмони хонандагон ва дигар масъалаҳои мубрам муҳокимаронӣ гардид.

Дар ҷамъбаст, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа таклифу пешниҳод ироа гардида, шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.