Даврҳои муассисавӣ ва ноҳиявии Кастинги шаҳрии «Беҳтарин ровии наврас-2025» бо иштироки зиёда аз 3000 кӯдакону наврасон, ки аз 1 август то 30 сентябр идома ёфт, ҷамъбаст гардиданд.
Аз миёни ҳазорҳо довталаб, бо интихоби ҳайати ҳакамон, 100 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Даври ниҳоии Кастинг рӯзҳои 23–24 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре иттилоъ дода будем, ҳадафи ин ташаббус дарёфти истеъдодҳои нав, рушди маҳорати суханварӣ ва забондонӣ миёни насли наврас мебошад.
Марҳилаи ниҳоии кастинг аз се қисм – худмуаррифӣ, қироати матни омодашуда ва импровизатсия дар мавзуи пешниҳодшуда иборат хоҳад буд.
Ғолибони озмун дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардида, бо ҷом, мукофотпулӣ, тӯҳфаҳо ва сертификатҳо қадрдонӣ мешаванд.