Таҳти ҳамин унвон, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон бо ташаббуси бевоситаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо, кӯдакону наврасон, омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!” дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Абдуллозода Одил Толиб, директорони марказҳои таҳсилоти иловгагии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандон, аъзои ҳакамони озмунҳо ва хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории Конференсия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зидди коррупсионии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии дуруст нисбат ба хатарҳои коррупсия, инчунин ҷалби кӯдакону наврасон ҳамчун паёмрасонҳои арзишҳои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар Конференсия намояндагон ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ вобаста ба Стратегияи мазкур, ҳамзамон дар мавзуъҳои марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муҳити таълим, аҳмияти поквиҷдонӣ, одоб ва масъулияти шаҳрвандӣ баромад намуданд.
Дар доираи Конференсия бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кўдакону наврасон, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва видеоролики беҳтарин дар мавзуи “Мо кўдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” баргузор гардид.
Инчунин, бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва иншои беҳтарин дар мавзуъҳои “Ватанамро сарсабз мегардонем” , “Дурахши Истиқлол”, “Дунёи кӯдакии ман” ҷамъбаст гардида, намоиши расму видероликҳои ғолибон баргузор карда шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии Конференсия ғолибони озмунҳои болозикр аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.