Кӯдакону наврасон — ояндаи дурахшони Тоҷикистон — имрӯз таҳти ҳамин унвон барномаи навбатии «Дурнамо» аз мавҷи «Садои Душанбе» пахш гардид.
Дар барнома устодон ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуда, доир ба дастовардҳои худ дар самти илму ҳунар ва фаъолияти эҷодӣ маълумот доданд.
Шунавандагон аз суҳбатҳои шахсиятҳои варзида ва шогирдони соҳибистеъдод баҳраманд шуданд. Аз ҷумла, Аида Газарян — узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, роҳбари маҳфили «Санъати тасвирӣ» ва дорандаи медали давлатӣ «Хизмати шоиста», перомуни саҳми санъати тасвирӣ дар рушди зеҳнӣ ва тарбияи завқи бадеии насли наврас изҳори назар намуд. Ҷовид Хоҷаев, устоди асбоби гитара, оид ба нақши мусиқӣ дар ташаккули завқи ҳунарии кӯдакон ва рушди қобилиятҳои эҷодии онҳо андеша баён кард. Умеда Умарова, раҳбари маҳфили «Адабиётшиносон», дар бораи нақши мутолиа ва омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосир дар баланд бардоштани маърифати хонандагон маълумот пешниҳод намуд.
Иштироки таълимгирандагон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ — Зебониссо Исмоилова, Бинёмин Раҷабов, Малика Асанбекова ва Руқия Ҳасанова, нишон дод, ки кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар майдонҳои гуногуни фарҳангиву илмӣ ва эҷодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда истодаанд.
Дар барнома зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз барои таҳсил ва ҳунаромӯзии кӯдакону наврасон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад.
Ин Марказ яке аз ҷойҳои муҳими тарбия ва ташаккули шахсиятҳои эҷодкору донишандӯз маҳсуб ёфта, ба насли ҷавон имконият медиҳад, то истеъдод ва маҳорати худро рӯнамоӣ созанд.