Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи устод Рӯдакӣ маҳфили «Адабиётшинос» дарси кушод баргузор намуд.
Дар ҷараёни дарс кӯдакон ва наврасон бо зиндагинома, осори пурғановат ва нақши Рӯдакӣ ҳамчун поягузори адабиёти классикии тоҷик ошно шуданд. Наврасон бо завқ шеъру ғазалҳои устод Рӯдакӣ ва дигар шоирони классикро қироат намуда, муҳаббати худро ба каломи бадеъ ва адабиёти классикӣ иброз доштанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани завқи мутолиа ва маърифатандӯзии кӯдакону наврасон, тарбияи эҳсоси ифтихор аз мероси гаронбаҳои адабии ниёгон, арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси ҷовидонаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, он дар фазои тантанавӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, иштироки фаъолонаи хонандагон ба он рӯҳи тоза бахшид.