СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ БАРОИ РОҲБАРОНИ МАҲФИЛҲО

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» семинари омӯзишӣ-дастурдиҳӣ барои роҳбарони маҳфилҳо баргузор гардид.

Мақсади асосии семинар баланд бардоштани сатҳи масъулият ва савияи корӣ дар самти ташкили дурусти ҳуҷҷатгузории таълимгирандгон ва ба низом даровардани тартиби нигоҳдории санадҳои дохилимуассисавӣ мебошад.

Дар ҷараёни семинар мутахассисон ва масъулини бахши таълимӣ ба роҳбарони маҳфилҳо тавзеҳоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба шаклҳои зарурии ҳуҷҷатгузорӣ, тарзи пур кардани дафтарҳои ҳозирӣ, ҷалби волидон, ҳисоботдиҳӣ ва тартиби ҳифзи маълумоти инфиродии кӯдакон дастурҳои мушаххас доданд.

Ин иқдом ба он равона шудааст, ки фаъолияти таълимӣ ва эҷодии маҳфилҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳамзамон шаффофият ва низоми равшани коргузорӣ таъмин гардад.

Дар анҷоми семинар роҳбарони маҳфилҳо иброз намуданд, ки дастурҳои гирифташударо дар амал татбиқ хоҳанд кард ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар Марказ саҳмгузорӣ менамоянд.