МОҲИЯТ, ФАҲМИШ ВА ДАРКИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Бо ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мо ҳамарӯза навовариҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Вобаста ба ин муносибат ва талаботи иҷтимоӣ ба ҷараёни таълим зуд тағйир ёфта, муносибатҳои нави таълим ва омӯзиш дар соҳаи маориф пеш меоянд ва зарурати азнавсозии ҷузъҳо ва вазифаҳои фаъолияти педагогӣ ба миён меояд. Дар чунин шароит ба дониш, маҳорат, муносибат ва арзиши касбии омӯзгорон, худташаккулдиҳӣ ва худомӯзӣ дар фаъолияти педагогии онҳо талаботи нав ба нав гузошта мешавад.

Имрӯз дар низоми таҳсилоти кишвар ислоҳотҳо идома дорад, ки таваҷҷуҳ ба рушди ташаббус, рақобатпазирӣ ва ҳаракатёбии мутахассисони ояндаро фарогир аст. Дар ин ҷода таҳсилоти иловагӣ дар ташаккули қобилиятҳо, самтҳои арзишнок, таъсиррасонӣ ба ҳаёт ва худтанзимкунии касбӣ нақши муҳим дорад. Он дар заминаи муносибатҳои инсонмеҳвар амалӣ мешавад, ки мазмун ва моҳияти таълимро тағйир дода, ба раванди рушди худидоракунии инфиродӣ табдил ёфтааст.

Ҳоло дар ҷаҳони муосир нисбат ба низоми таҳсилоти иловагӣ ҳарчи бештар талаботи нав ба нав ба миён меояд ва нақши он дар тарбияи насли наврас беш аз пеш меафзояд.

Мавқеи таҳсилоти иловагӣ ҳамчун таҷрибаи беназири рақобатпазир ва иҷтимоии ташаккули неруи ҳавасмандии шахс ва неруи инноватсионии ҷомеа дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” дарҷ гардидааст. Дар қонунҳои мазкур татбиқи рисолати таҳсилоти иловагӣ ҳамчун таҷрибаи иҷтимоию фарҳангии ташаккули ҳавасмандии наслҳои оянда ба маърифат, эҷодкорӣ, баланд бардоштани неруи зеҳнӣ ва варзиш муайян шудааст.

Таҳсилоти иловагии муосир имконҳои инсонро ба таври куллӣ васеъ намуда, озодии бештари интихобро фароҳам оварда, мақсаду ҳадафҳо ва стратегияҳои рушди инфиродиро муайян мекунанд. Ба худтаъйинкунии иҷтимоӣ ва касбии онҳо, татбиқи нақшаҳо ва орзуҳои ҳаёти шахсии хонандагон равона карда шудааст.

Дар таҳсилоти иловагии кӯдакону наврасон фаъолияти маърифатии шахс аз доираи муҳити таълимӣ ба доираи таҷрибаҳои гуногуни иҷтимоӣ мегузарад. Дар ин шароит, таҳсилоти иловагӣ ҳамчун омодагӣ ба зиндагӣ ё азхудкунии асосҳои касб дарк карда намешавад, балки моҳияти заминаи раванди муттасили рушд ва такмили шахс ҳамчун субъекти фарҳанг ва фаъолият мегардад.

Фардисозии таҳсилоти иловагӣ афзалиятҳои онро дар муқоиса бо дигар муассисаҳои таълимӣ тавассути нав кардани ҷанбаҳои зерин афзун менамояд:

– иштирок дар барномаҳои таълимии тағйирёбанда дар асоси интихоби ихтиёрии кӯдакон мувофиқи қобилият, майлҳо ва арзишҳои онҳо;

– қобилияти интихоби низом ва суръати азхудкунии барномаҳои таълимӣ, сохтани ҷараёни инфиродии таълимӣ;

– ҳуқуқ ба озмоиш ва қобилияти тағйир додани барномаҳои таълимӣ;

– ба расмият даровардани мундариҷаи таълим, ташкили раванди таълим, сохтори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;

– хусусияти тағйирёбандаи арзёбии натиҷаҳои таълим;

– робитаи зич бо амалия, таваҷҷуҳ ба эҷоди як маҳсулоти мушаххаси шахсӣ ва муаррифии оммавии он;

– имкони истифодаи дониш, маҳорат ва малакаҳои бадастомада;

– имкони интихоби омӯзгор ва мураббӣ.

Инчунин, хусусияти муҳими фарқкунандаи таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакону наврасон ошкорбаёнӣ мебошад, ки он дар ҷанбаҳои зерин зоҳир мешавад:

– имкон барои омӯзгорон ва таълимгирандагон ҷиҳати ба раванди таълим дохил кардани падидаҳои воқеии иҷтимоию фарҳангӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва инъикоси онҳо;

– шароити мусоид барои тавлид ва татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ барои кӯдакону наврасон.

Ҳадафи таҳсилоти иловагии муосир барои кӯдакону наврасон фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилию педагогӣ худмуайянкунии касбӣ, иҷтимоӣ, шахсӣ, худшиносӣ ва инкишофи хонандагон мебошад. Ҳадафи таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакону наврасон чунин аст. Зеро таҳсилоти иловагӣ дар низоми миллии таҳсилот (дар таҳсилоти муттасил) зинаи иловагии таҳсилот буда, бо мақсади гирифтани дониш, малака, маҳорат, ҳунар, касб, берун аз барномаи таълимӣ, мутобиқи хоҳиш, майл, шавқу завқ ва қобилияти хонандагон барои худтатбиқкунӣ ва худифодакунии онҳо, ташкил ва идора карда мешавад.

Таҳсилоти иловагӣ – навъи таълиме мебошад, ки тарбия, омӯзиш ва рушдро бо як раванди ягона бо мақсади қонеъ ва рушди манфиатҳои маърифатӣ, неруи эҷодии кӯдак, ба худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва иҷтимоии шахс ва дар асоси интихоби озоди фаъолияти кӯдак мусоидат мекунад.

Таҳсилоти иловагӣ:

– ҳамчун воситаи ташаккули ҳавасмандии шахс ба дониш, эҷодкорӣ ва худтакмилдиҳӣ амал мекунад;

– ба ташаккул додани самтҳои инсонгароии арзишҳо мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки муошират бо арзишҳои ҷовидонии башар ба таври назаррас васеъ карда шавад;

– барои рушди қобилиятҳои гуногуни кӯдакон, интихоби роҳи инфиродии таҳсил имкони воқеӣ фароҳам оварда, фазоро дар инкишоф додани шахсият кӯдак афзоиш медиҳад;

– кӯдаконро ба фаъолияти эҷодие, ки ба онҳо таваҷҷуҳ доранд, дохил менамояд, ки дар давоми онҳо ташаккули дастурҳои ахлоқӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ба амал меояд, иқтидори азими тарбиявиро дарк мекунад.

Татбиқи вазифаҳои таҳсилоти иловагӣ дар асоси шартҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

– шарти мукаммалӣ – ба ҳар як таълимгиранда имкон медиҳад, ки ниёзҳои инфиродии таълимии худро берун аз муассисаи таълимӣ қонеъ гардонад;

– фароҳам овардани шароит барои аз ҷониби кӯдакону наврасон ба таври ниҳоӣ дарк кардани майлҳои табиат, зуҳури қобилиятҳои онҳо, ки ҳамчун ҳавасмандии асосии эҷодкорӣ хидмат мекунанд;

– ташкили ёрии инфиродӣ ба кӯдакону наврасон барои дарк кардани ниёзҳои онҳо, дар муоширати эҳсосӣ ва васеъ на танҳо бо ҳамсолон, балки бо калонсолон азхудкунии мундариҷаи оқилонаи ҳаёти инсон мусоидат мекунад;

– иштироки фаъоли омӯзгор дар худидоракунии худмухтории кӯдак, ҳавасмандгардонии рушди қобилияти ӯ барои амалӣ намудани амалҳои дорои аҳаммияти иҷтимоидошта;

– шартии инкишоф – фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои инкишофи неруи зеҳнии хонанада;

– шарти ихтиёрӣ – фаро гирифтани хонанда ба таҳсилоти иловагӣ вобаста ба қобилият, майл, хоҳиш ва рағбат;

– шарти афзалиятҳои маънавият ва ахлоқ – ташаккули самтҳои ахлоқӣ ва арзиши шахс, рушди ҳиссиёти хонандагон, муносибати ахлоқӣ ва эҷодӣ;

– шартии эҷодкорӣ – дар татбиқи низоми таҳсилоти иловагӣ ҳамчун маҳаки асосии инкишофи шахсият аст;

– шарти дастгирӣ, ташаббус ва фаъолият – татбиқи таҳсилоти иловагӣ дастгирӣ, ташаббус, фаъолсозӣ ва руҳбаланд намудани таълимгирандагон;

– шарти ягонагии таълим, омӯзиш ва рушд;

Айни замон таҳсилоти иловагии кӯдакону наврасон дар кишвари мо ҳамчун як падидаи беназир дар соҳаи маориф, раванди ягонаи мақсаднок баррасӣ карда мешавад, ки таълим, тарбия ва рушди шахсиятро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии ин раванд қонеъ кардани талаботи доимо тағйирёбандаи иҷтимоию фарҳангӣ ва таълимии кӯдакони замони муосир мебошад. Бо дарназардошти ин, ба назари мо, ба талаботи таҳсилоти иловагии муосир мутобиқ сохтани мазмун ва мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, сохтори равандҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии кишвар зарурияти объективона дошта, қадами назаррас дар амалисозии ислоҳот ва дастрас намудан ба таҳсилоти иловагии муосир хоҳад буд.

Назрихуҷа САЙДАЛИЕВ,

Директори Муассисаи давлатии

“Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”